LIVE

Зидан ва Перес дар кадом хусус суҳбат карданд?

Тибқи иттилои Marca сармураббии “Реал Мадрид” - Зинедин Зидан бо президенти клуб Флорентино Перес пас аз бозии даври 22-юми чемпионати Испания бо "Уэска" (2: 1) гуфтугӯ кард.  Тибқи иттилои манбаъ, мутахассиси фаронсавиро роҳбарияти бошгоҳи шоҳона  дастгирӣ кардааст. Хотиррасон мекунем, ки қаблан Перес дар назди Зидан вазифа гузошта буд, ки дар мавсими имсола ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо гардад. Танҳо бо ин роҳ ӯ метавонад  мавқеи худро дар курсии сармураббии даста нигоҳ дорад. Қаблан “Реал” аз Ҷоми Испания ва Суперҷом хориҷ карда шуда буд ва дар ҷадвали Ла Лига, ин даста дар ҷои сеюм қарор дорад. Дар даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо “Реал Мадрид” бо “Аталанта”  бозӣ мекунад. Бозии аввал дар Италия 24 феврал баргузор мешавад. Бозии ҷавобӣ дар Испания 16 март баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив