LIVE

Зинедин Зидан ба футболбозони “Реал” чӣ гуфт?

Сармураббии “Реал Мадрид” - Зинедин Зидан ба футболбозони дастааш гуфтааст, ки дар охири мавсим онҳоро тарк мекунад, менависад Goal.
Мутахассиси фаронсавӣ тасмими худро пеш аз бозӣ бо Севиля (2:2) ба дастпарваронаш гуфтааст. 
Пештар хабар дода шуда буд, ки тибқи як қатор манбаъҳо, мутахассиси 48-сола мехоҳад “Реал Мадрид”-ро тарк кунад, зеро ӯ аз ҷиҳати равоню ҷисмонӣ  ва таҳти фишори пайваста қарор доштан, хаста шудааст. Мураббӣ новобаста аз он ки имсол дастааш қаҳрамони Испания мешавад ё не аз вазифааш бо хоҳиши худ канор меравад. 
Зидан “Реал Мадрид”-ро аз моҳи марти соли 2019 раҳбарӣ мекунад. Таҳти роҳбарии ӯ, клуби шаҳри Мадрид дар мавсими гузашта қаҳрамони Испания шуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив