LIVE

Зидан қарори ғайри интизори худро баровард

Сармураббии “Реал” - Зинедин Зидан тасмим гирифт, ки дар охири мавсим дастаи мадридиро тарк мекунад.  Дар ин бора TeleMadrid хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, мутахассиси 48-сола мехоҳад “Реал Мадрид”-ро тарк кунад, зеро ӯ аз фишори равонӣ ва ҷисмонӣ хаста шудааст. Мураббӣ новобаста аз он ки “Реал” қаҳрамони Ла Лига мешавад ё не курсии худро озод мекунад. 
Зидан “Реал Мадрид”-ро соли 2019 ба ӯҳда гирифт. Вай қаблан аз соли 2016 то 2018 низ сармураббии ин даста буд. Таҳти роҳбарии ӯ, “Реал” се маротиба Лигаи қаҳрамонҳоро ба даст овард ва ду маротиба қаҳрамони Испания шуд. Дар мавсими ҷорӣ, “Реал Мадрид” дар 36 давр 78 хол ба даст овард ва дар ҷои дуввум мебошад.
Пештар хабар дода шуда буд, ки дар байни номзадҳо Массимилиано Аллегри барои ишғоли мақоми сармураббӣ дар “Реал” довталаб маҳсуб мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив