LIVE

Ғалабаҳои Зидан дар Ла Лига ба 100 расид

Сармураббии "Реал Мадрид" -  Зинедин Зидан дар мақоми роҳбарии бошгоҳи шоҳона аз 100-умин  пирӯзии хеш дар Ла Лига истиқбол кард. Барои расидан ба ин нишондод, мутахассиси фаронсавӣ 147 вохӯрӣ гузаронид. Бозигаронаш дишаб бар тими "Бетис" (3: 2) зафар ёфтанд.

Зидан бо «Реал» ду маротиба ғолиби Ла Лига, Суперҷоми УЕФА ва Суперҷоми Испания, ҳамчунин қаҳрамони Чемпионати ҷаҳон байни бошгоҳҳо ва се маротиба барандаи Лигаи чемпионҳо гаштааст. Дар маҷмуъ ин мураббӣ 11 ҷоиза ба даст овардааст, ки нишондоди беҳтарин дар таърихи сармураббиёни бошгоҳи шоҳона маҳсуб мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив