LIVE

«Барселона» ғолиби даври аввали Ла Лига

Дар чемпионати Испания даври аввал ба аҷном расид. «Барселона» бо ба даст овардани 40 имтиёз ғолиби қисми аввали Ла Лига гашт. Рақиби азалии каталониҳо «Реал» низ 40 хол дорад, аммо аз рӯи баъзе нишондодҳо бартарӣ ба бошгоҳи каталонӣ дода шудааст.  «Барселона» дар маҷмуъ 23 маротиба ғолиби даври аввал гаштааст, ки дар чунин ҳолат  15 маротиба дар охири мавсим қаҳрамони Испания гаштааст. Яке аз бартариятҳои бошгоҳи шоҳона дар қисми аввали мавсим он буд, ки бозиҳои мушкили хешро бо Севиля, Валенсия, Атлетико ва Барселона дар сафар баргузор намудааст.  Ҳамакнун дар қисмати дуюми мавсим аксар дидорҳои мушкилро дар хона анҷом медиҳад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив