LIVE

Чор голи беҷавоби "нилунориҳо" ба дарвозаи "кабутҳо"

Бошгоҳҳои “Барселона” ва “Наполи” пеш аз оғози мавсим бозии охирини рафиқонаи хешро баргузор карданд. Вохӯрии дуюми ин тимҳо дар варзишгоҳи муҳташмаи «Мичиган» баргузор шуда, бо ҳисоби калони 4:0 ба суди каталониҳо хатм шуд. Дар қисми аввали бозӣ мухлисон шоҳиди гол нашуданд. Дар пайти дуюми рақобат “нилунориҳо” яку якбора чор маротиба дарвозаи итолиёвиҳоро рахна намуданд. Ҳамин тавр дар ин майдондорӣ голҳои “Барселона”-ро Суарес (ду гол), Гризманн ва Усмон Дембеле муаллифӣ намуда, пирӯзии бузурги дастаашонро таъмин намуданд. Ёдовар мешавем, ки ин аввалин голи Гризманн дар “Барселона” мебошад. Дар миёни се рӯз ин дуюмин бозии дӯстонаи “Барселона” ва “Наполи” ба шумор меравад. Дар вохӯрии аввал низ “нилунориҳо” бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда буданд.
 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив