LIVE

Барса дар бозӣ бо заифтарин тими Ла Лига имтиёз аз даст дод

Дар даври 19-уми Чемпионати Испания дербии Барселона сурат гирифт. Тими футболи “Эспанйол”, ки зинаи 20-уми ҷадвали умумии Ла Лига-ро ишғол мекунад, дар майдонаш бо “Барселона” рақобат намуд.  Дар миёнаи қисмати аввали дидор футболбози “Эспанйол” - Давид Лопес тӯбро вориди тӯри дарвозаи меҳмонон сохт. Дар қисми дуюми майдондорӣ, Луис Суарес ва Видал ба голзанӣ даст ёфтанду барса бартариро соҳиб шуд. Ду дақиқа мондан то аноҷми рақобат У Лэй голи дуюми соҳибони майдонро ба ҳадаф расонида, “Эспанйол”-ро аз нокомӣ наҷот бахшид.  Бо вуҷуди натиҷаи мусовии 2 бар 2 “Барселона” бо касби 40 имтиёз дар мақоми аввали ҷадвал қарор гирифт. “Реал” низ 40 имтиёзро касб кардааст, аммо дар зинаи дуюм мавқеъ дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив