LIVE

Суарес ба “Барселона” пирӯзӣ овард

Дар бозии дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо дастаҳои абарқудрати “Барселона” ва “Интер” вохӯрӣ намуданд. Бозии тимҳо дар варзишгоҳи муҳташами “Камп Ноу” доир шуда, бо ҳисоби 2:1 ба суди “нилунориҳо” хатм шуд. Ҳанӯз дар дақиқаи 3-юми майдондорӣ ҳамлавари ҷавони аргентинии бошгоҳи “Интер” Лаутаро Мартинес ҳисоби бозиро кушод. Ҳамин тавр қисмати аввали бозӣ бо бартарии меҳмонон хотима ёфт. Дар қисми дуюми рақобат ҳама умед ба сарвони каталоноҳи Месси захмхӯрда буд. Дар дақиқаи 58-уми Луис Суарес бо голи ҷодувонааш ҳисобро баробар кард. Шогирдони Антонио Конте ба мусовӣ низ розӣ буданд, аммо Мессии ғазабнок нагузошт, ки бозӣ баробар ба анҷом расад, дар дақиқаи 84-ум Лео бо як паси зебояш  “El Pistolero”-ро бо дарвозабони меҳмонон як ба як баровард, ки дар натиҷа ӯ голи дуюмашро ба ҳадаф расонида, пирӯзии тимашро таъмин кард. Бозии дигари гурӯҳи “F” байни дастаҳои “Боруссия”-и Д ва “Славия” бо ҳисоби 0:2 ба суди “Боруссия” хатм шуд. Дар ҳоли ҳозир “Боруссия” ва “Барселона” бо касби 4 холӣ дар зинаҳои якуму дуюми ҷадвали гурӯҳи “F” қарор доранд. 
Лигаи чемпионҳоБозии 2-юмГурӯҳи F
«Барселона» (Испания) — «Интер» (Италия) — 2:1 (0:1)
Голҳо: Мартинес, 3 (0:1). Суарес, 58 (1:1). Суарес, 84 (2:1).
«Барселона»: тер Штеген, Сержи Роберто, Пике, Лангле, Семеду, де Йонг, Бускетс (Видал, 53), Артур, Месси, Суарес, Гризманн (Дембеле, 66).
«Интер» (Милан): Ханданович, Годин, де Фрай, Шкриняр, Кандрева (Д`Амброзио, 71), Барелла, Брозович, Сенси (Политано, 79), Асамоа, Мартинес, Санчес (Галярдини, 66).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив