LIVE

Тору мори «Лестер» аз ҷониби «Ливерпул»

Дар даври 19-уми  Премйер-лигаи Англия «Лестер Сити» дар майдони худ варзишгоҳи «Кинг Пауэр»  «Ливерпул»-ро истиқбол гирифт. Роберто Фирмино дар дақиқаи  31-уми рақобат ҳисобро кушод. Дар миёнаи қисмати дуюми бозӣ, Ҷеймс Милнер зарбаи ҷаримавии 11 метраро иҷро намуд ва ҳисоб 0 бар 2 гардид.  Дар фурсату фосилаи 7 дақиқа ливерпулиҳо боз ду маротибаи дигар дарвозабони соҳибони майдонро маҷбур сохтанд то тӯбро аз дохили тури дарвозааш берун орад. Боз ҳам Фирмино ва муҳофизатгар Трент Александер-Арнолд муаллифони гол гаштанд. Ин дуюмин бохти пайдар ҳами «Лестер Сити» дар чемпионат маҳсуб мешавад.  «Ливерпул» 52 имтиёзро соҳиб шуда, садрнишини ҷадвали умумии Премйер-лигаи Англия мебошад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив