LIVE

"Ливерпул" дар Лондон шикастнопазир аст


Дар майдони "Селхерст Парк"-и шаҳри Лондон дидори даври 13-уми мусобиқаи Премйер Лигаи Англия бо иштироки "Кристал Пэлас" ва "Ливерпул" сурат гирифт. Вохӯрии дастаҳо бо ҳамлаҳои дуҷониба сурат гирифта, мухлисон дар нимаи аввал шоҳиди як голи мизбонон шуданд, аммо баъди тамошои VAR тӯби ба дарвозаи "Ливерпул" задаи Ҷеймс Томкинс ҳисоб карда нашуд. Дар оғози қисми дуюм Садио Мане  (49) ҳисобро боз кард. Ба голи задаи ӯ Уилфрид Заҳа дар дақиқаи 82-юм ҷавоб гуфт, вале баъди се дақиқа Роберто Фирмино ғалабаи пешсафи мусобиқаро таъмин кард. Дар ҳисоби "Ливерпул" ҳоло 37 имтиёз аст. "Кристал Пэлас" 15 имтиёз дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив