LIVE

«Ливерпул» аввалин бор дар мавсим имтиёз аз даст дод

Бозии марказии даври 9-уми Премйер –лигаи Англия ин рақобати дастаҳои “Манчестер Юнайтед” ва “Ливерпул” ба ҳисоб мерафт. Пеш аз оғози бозӣ низ футболдонон пирӯзиро нисбати “сурхпӯшҳо” бештар арзёбӣ мекарданд, аммо ин ҳама пешгӯйиҳо хато баромад. Гарчанде, ки “девҳои сурх” дар ҳайаташон мушкилии бештар доштанд, аммо ба ҳамаи ин мушкилиҳо нигоҳ накарда, аз пешсафи ҷадвали ПЛА имтиёз ситонд. Набарди ин ду дастаи аз қадам бо ҳам рақиб дар варзишгоҳи соҳибони “Олд Траффорд”, ки дар ҷаҳони футбол бо исми “театри орзуҳо” машҳур аст, баргузор шуд. Набарди тимҳо пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Дар ин бозӣ голи “МЮ”-ро Маркус Рэшфорд ба ҳадаф расонид. Тӯби “Ливерпул”-ро бошад, Адам Лаллана муаллифӣ намуда, дастаашро аз бохт наҷот дод. Хотиррасон мекунем, км “МЮ” аввалин дастае, дар ин мавсим аст, ки дар доираи рақобатҳои ПЛА аз “Ливерпул” имтиз меситонад. Баъди ин бозӣ шогирдони Клопп бо касби 25 хол садрнишини ҷадвал ба ҳисоб мераванд. “МЮ” бошад, 13 имтиёз дораду дар ҷои 13-ум қарор гирифтааст.

Чемпионати Англия. Премйер-лига. Даври 9-ум

«Манчестер Юнайтед» (Манчестер) — «Ливерпул» (Ливерпул) — 1:1 (1:0)

Голҳо: Рэшфорд, 37 — Лаллана, 85. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив