LIVE

Морйентес: чемпионии «Реал» аз Месси вобастааст

Ба андешаи собиқ ҳуҷумкунандаи «Реал» Фернандо Морйентес дар ин мавсим бошгоҳи шоҳона чемпиони Исапния мешавад. 
«Қалбам гувоҳӣ медиҳад, ки «Реал» чемпиони Ла-Лига дар ин мавсим мегардад, вале ҳама чиз аз Лионел Месси вобастагӣ дорад. Вақте, ки  Криштиану Роналду буд дар ин даста умедвориҳо бештар буданд. «Барселона» ва «Реал» дар сатҳи баланд бозӣ мекунанд. Ҳангомаи мавсим аз моҳи феврал шуруъ мешавад. Маҳз дар он вақт воқеан ҳам мо як чанд тимҳои пуркувватро дида метавонем. Дар ниҳоят ҷойзаро дастае соҳиб мешавад, ки омодагии хубтар дошт», иқрор шудааст Морйентес ба сомонаи  Goal.
Баъд аз даври 18-уми Чемпионати Испания «Барселона», бо 39 имтиёз садрнишин аст.  «Реал»  бо 37 хол дар мақоми дуюм қарор дорад. «Севиля» бошад, зинаи сеюми ҷадвали умумиро ишғол кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив