LIVE

Месси сири беҳтар бозӣ кардани «Барселона»-ро аз «Реал» кушод

Капитани «Барселона» - Лионел Месси дар мавриди муваффақияти «Барселона» дар варзишгоҳи «Сантяго Бернабеу», ки майдони «Реал» маҳсуб мешавад, изҳори назар намуд. Аз нигоҳи ҳамлавари аргентинӣ  бархе аз омилҳое мавҷуданд, ки каталониҳо аз «Камп Ноу» дида, дар «Сантяго Бернабеу» муваффақтаранд. 

«Дар «Бернабеу», ба мо озодии бештар дода мешавад. «Реал» пайваста дар ҳолати ҳуҷум қарор мегирад, чунки мухлисон онҳоро  ба ин кор маҷбур месозанд. Дар «Камп Ноу» бошад, онҳо дигаргуна услуби бозигузорӣ доранд. Мадридиҳо бештар ақибнишинӣ мекунанду мувозинатро хуб нигоҳ медоранд ва дар ниҳоят аз контурҳуҷумҳо кор мегиранд. Дар «Бернабеу» 90 дақиқа бозии баробар аст. Дар «Камп Ноу» вохӯриҳо каме пӯшидаву мушкил сурат мегиранд”, гуфтааст Месси.   
Ёдовар мешавем, ки фардо «Барселона» ва «Реал» дар «Камп Ноу» байни ҳам дидор анҷом хоҳанд дод.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив