LIVE

“Реал” боз имтиёз аз даст дод

Аз рӯзе, ки Роналду “Реал”-ро танҳо гузоштааст, ин даста ба худ наомадааст. Қаҳрамони 13 каратаи Лигаи Чемпионҳо бошгоҳи “Реал” гарчанде, ки ин мавсим дар Ла Лига дурахшидаистодааст, аммо дар ЛЧ кораш омад намекунад. Шогирдони Зидан дар бозии нахустини хеш, аз тими “ПСЖ” бо ҳисоби 3:0 шикаст хурда буданд. Дар бозии дуюми худ низ футболбозони “Реал” бо тими “Брюгге” рақобаташонро бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима дода, имтиёзи заруриро аз даст доданд.  Баъди сипаришудани ду давр “Реал” соҳиби як имтиёз шуда, дар зинаи 4-уми ҷадвали гурӯҳи “А” қарор дорад. 
Лигаи Чемпионҳо - 2019/20
Марҳилаи гурӯҳӣ 
Гурӯҳи “А”
“Реал” – “Брюге” – 2:2
Голҳо: Эманнуэл Деннис 11, Эманнуэл Деннис 39, Серхио Рамос 55, Каземиро 85.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив