LIVE

Мухлисони “Реал” талаби аз кор рафтани Зиданро доранд

Мухлисон ва тарафдорони бошгоҳи “Реал Мадрид”-и Испания аз роҳбарияти бошгоҳ талаб доранд, ки сармураббии тим Зинидин Зиданро ба истеъфо равон кунанд.
18 сентябр “гаразмониҳо” дар бозии нахустини мавсими ҷадиди Лигаи Чемпионҳо аз “ПСЖ” бо ҳисоби 3-0 тору мор гардиданд. Бар замми ин бори аввал бошгоҳи “шоҳона” дар як бозии Лигаи Чемпионҳо натавонист, ки ҳадди аққал як зарбаи рост ҷониби дарвозаи рақиб занад.
Нашрияи “The Sun” аз қавли яке аз мухлисони “Реал” чунин суханҳоро иқтибос овардааст: “Зидан қаллоби ҳақиқист. Дар давраи аввали фаъолияташ ӯ ба шарофати Криштиану Роналду-беҳтарин футболбози давру замон ба мувафаққият расид”.
“Бе Роналду Зидан ҳеҷ аст. Чӣ тавр барои ҷазби футболбозони нав 500млн масраф карда, ин қадр бозии бемазмун нишон додан мумкин? Ҷавобаш диҳед”, - илова кард мухлиси дигар.
“Дар набудани Неймар, Кавани ва Мбаппе ”ПСЖ”  “Реал”-ро тору мор кард. 99%-и мувафаққияти  Зидан ба Роналду бастагӣ дошт”, -гуфт мухлиси сеюм.
Зинидин Зидан баҳори имсол дигарбора ба курсии мурабигии бошгоҳи шоҳона баргашт. Айни замон тими ӯ бо 8 имтиёз дар зинаи сеюми ҷадвали Ла Лига қарор доранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив