LIVE

Иско ва Зидан сайди навбатии ғоратгарон

Тибқи хабари нашрияҳои испанӣ аз хонаи ниммуҳофизатгари “Реал Мадрид” Иско ва сармураббии ҳамин даста Зинедин Зидан ғоратгарон ашёҳои зиёди қимматбаҳоро ба яғмо бурданд.
Замоне ки Иско ва Зидан берун аз манзили истиқоматии худ буданд ғоратгарон аз ин фурсат истифода карда, баъзе аз ҷиҳози гаронарзишро рабуданд.
Қаблан дуздон хонаҳои чунин футболбозон аз қабили Кевин-Принс Боатенг, Жорди Алба, Карим Бензема, Хоакин Санчес, Жерар Пике, Эсекел Гарай, Жоффрей Кондогбиа ва Алваро Моратаро талаву тороҷ карда буданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив