LIVE

Бэйл ва Хамес бо "Брюге" бозӣ намекунанд

Дар бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳо бар муқобили "Брюге" футболбозони "Реал Мадрид" Гарет Бэйл ва Хамес Родригес иштирок намекунанд. Ғайр аз ин ду бозигар инчунин Алваро Одриосола,  Марко Асенсио, Браим Диас, Ферлан Менди, Родриго ва Мариано Диас низ ба майдон баромада наметавонанд.  Бояд хотиррасон кард, ки бозии "Реал Мадрид" - "Брюге" имшаб соати 22:00 бо вақти Душанбе баргузор мешавад. Дидори мазкурро метавонед мустақиман тариқи ТВ "Варзиш" тамошо кунед.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив