LIVE

Месси бо шумораи хет-трикҳо Роналдуро дар «Ла Лига» гузашт

Дар даври 16-уми Чемпионати Испания бошгоҳи «Барселона»  «Малйорка»-ро бо ҳисоби калони 5:2 мағлуб кард.

Лионел Месси бо ин хет-трики худ қаҳрамони асосии ин вохӯрӣ шуд. Барои ҳамлагари аргентинӣ ин 35-ум хет-трик дар доираи Чемпионати Испания ба ҳисоб меравад. Ҳамин тариқ, Лео бо ин нишондодаш аз собиқ ҳамлагари «Реал» Криштиану Роналду (34 хет-трик) пешсаф шуд.

  • Месси дар 702 бозӣ 617 голро сабти номи хеш кардааст.
  • Пас аз ин пирӯзӣ «Барселона» бо 34 имтиёз ба зинаи аввал баргашт. Бошгоҳи каталонӣ бо нишондодҳои иловагӣ «Реал»-ро  ба ҷои дуюм фаровард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив