LIVE

Почеттино ду пешниҳоди “Барса”-ро рад кардааст

Маурисио Почеттино ду маротиба пешниҳоди “Барселона”-ро ба хотири “Манчестер Юнайтед” рад кардааст, менависад Daily Star.
Тибқи иттилои манбаъ, каталониҳо ду маротиба ба мутахассиси мазкур пешниҳод кардаанд, ки вазифаи сармураббии бошгоҳро қабул кунад, аммо мураббии аргентинӣ рад кардааст. Пештар хабар дода шуд, ки Маурисио Почеттино яке аз номзадҳои асосӣ ба  мансаби сармураббии "Манчестер Юнайтед" дар сурати истеъфои Оле Гуннар Сулшер мебошад. Таъкид шуд, ки мутахассиси аргентинӣ ҳамеша орзуи сармураббии бошгоҳи “МЮ” шуданро мекунад ва  муносибати ӯ бетағйир монд. 
Почеттинои 48-сола аз соли 2014 то 2019 “Тоттенхэм”-ро раҳбарӣ мекард ва қаблан сармураббии "Саутгемптон" ва "Эспанйол" буд. Бо “Тоттенхэм” мутахассиси аргентинӣ ба финали Лигаи чемпионҳо ва Ҷоми Лигаи Англия баромад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив