LIVE

Ҳамватани Месси ба “Барселона” чун мураббӣ меояд

Бино ба маълумотҳои  RAC1 роҳбарияти “Барселона”-и каталонӣ бо собиқ сармураббии “Тоттенхэм”-и лондонӣ-ҳамватани Месси Маурисио Почеттино гуфтугӯ намуда, пешниҳоди ивазнамоии Эрнесто Валверде дар вазифаи сармураббигӣ намудааст.
Пештар хабар дода мешуд,ки сармураббии феълии бошгоҳи қатарии “Ал-Садд” ва тамриндиҳандаи асосии мунтахаби футболи Нидерландҳо Роналд Куман пешниҳоди “Барселона”-ро рад намудаанд. Айни замон Почеттино чун номзади асосӣ ба вазифаи сармураббигии “нилунориҳо” шуморида мешавад.
Ёдрас мекунем,ки Маурисио маснади мураббигии худро дар бошгоҳи  дигарии “Барселона” ё худ  “Эспанйол” шуруъ  намуда буд. Ин аргентинӣ ҳамчунин дар сафи “сафеду кабудҳо” чун футболбоз баромад намудааст.
Худи “Барселона” бошад айни замон мақомдори зинаи аввали ҷадвали чемпионати Испания буда, “нилунориҳо” дар 19 дидори анҷомдодаашон 40 хол касб кардаанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив