LIVE

Почеттино дубора ба Испания бармегардад

Роҳбарияти бошгоҳи «Барселона»  бо собиқ сармураббии тими лондонии  «Тоттенхэм» Маурисио Почеттино дар тамос шуда, бо ӯ пешниҳоди ҳамкорӣ кардаанд. Почеттино дар мақоми сармураббии клуби каталонӣ Эрнесто Валвердеро иваз хоҳад кард. Баъд аз он, ки сармураббии дастаи «Ал-Садд»- Хави пешниҳоди «Барселона»-ро қабул накард, роҳбарияти даста бо сармураббии мунтахаби Нидерлания Роналд Куман  мулоқот анҷом доданд. Ин ду кӯшиш бе натиҷа анҷом ёфт ва дар ниҳоят ба хулосае омоданд,  ки Почеттино феълан бекор аст ва ягона довталаб  барои ишғоли сармураббӣ маҳсуб мешавад. Ёдовар мешавем, ки Маурисио қаблан дастаи дигари Барселона - «Эспанйол»-ро тамрин додааст.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив