LIVE

«Ал-Садд» роҷеъ ба тақдири Хави изҳорот дод

Директори генералии тими  «Ал-Садд» - Турки Али-Али дар мавриди интихоби  Хави ба вазифаи сармураббии тими “Барселона”  расман изҳорот дод. 
«Хави ва ёварони ӯ барои бозии навбатии даста бо «Ал-Райян» омодагӣ мебинанд. Мо бовар дорем, ки дастаи маъруф ба монанди «Барселона» кори худро ба таври профессионалӣ  анҷом медиҳанду мақсаду ҳадафҳои хешро ба таври расмӣ пешниҳод хоҳанд кард. Барои Хави «Барселона» хонаи худ маҳсуб мешавад. Ӯ дар оянда  ҳатман ба Каталония  бармегардад, аммо айни ҳол Хави мураббии «Ал-Садд» аст», гуфтааст, директори генералии тими  «Ал-Садд» - Турки Али-Али.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз хабаре паҳн гардид, ки собиқ ниммуҳофизатгари “Барса” ва мунтахаби Испания сармураббии бошгоҳи каталонӣ мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив