LIVE

Почеттино ба Аврупо бармегардад

Собиқ сармураббии дастаи “Тоттенҳем” Маурисио Почеттино ҳафтаи оянда ба Аврупо бармегардад. Алъон ин мутахассиси аргентинӣ дар ватани худ – шаҳри Росариои Аргентина қарор дорад. Ӯ аз Аргентина рост ба Барселона меояд, зеро хонааш он ҷо қарор дорад. Баъди бозгашти худ ба Аврупо, Почеттино бо корфармоён гуфтугӯи ошкороро оиди тақдири минбаъдаи мураббигӣ ба роҳ монданист. Қаблан Почеттино изҳор дошта буд, ки ӯ омода аст, баъди истеъфо аз “Тоттенҳем”  сари кор баргардад. Ҳамзамон аз набудани номзадии ӯ ба курсии сармураббигии бошгоҳи олмонии “Бавария” маълум гашта буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив