LIVE

Rashford: Sorry Jose

Жозе Моуриниё, сармураббии дастаи "Тоттенҳэм" барои ширкат дар бозии даври 15-уми мусобиқаи қаҳрамонии Англия ба майдони барояш ошно-"Олд Траффорд" баргашт. Ӯ, ки баъди ивази Маурисио Почеттино беҳтарин лаҳзаҳоро дар "Тоттенҳэм" мегузаронид, аз "Манчестер Юнатйед" бо ҳисоби 2:1 шикаст хӯрд. Ин нахустин бохташ ба сифати сармураббии "Тоттенҳэм" буд. Мизбонон дар ин вохӯрӣ махсусан дар хати ҳамла  бозии арзанда намоиш доданд. Қаҳрамони асосӣ ҳамлагар Маркус Рэшфорд шуд. Номбурда, дар дақиқаҳои 6-ум ва 49 (пен) ду гол зад. Як тӯби меҳмононро Деле Алӣ ба номаш сабт намуд. Бо ин пирӯзӣ "МЮ" ба зинаи 6-ум баромада, "Тоттенҳэм" дар ҷойи 8-ум қарор гирифт. Шогирдони Уле Гунар-Сулшерро дар даври оянда дербии шаҳри Манчестер интизор аст. Ин рақобат 7-уми декабр дар майдон "Иттиҳод" доир мешавад. Футболбозони "Тоттенҳэм" дар Лондон "Бёрнли"-ро қабул мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив