LIVE

"Тоттенҳэм" Сонро бо равоншинос таъмин мекунад

"Тоттенҳэм" ҳамлагари даста Сон Хин Минро бо равоншинос таъмин мекунад. Футболбози мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ дар бозӣ бо "Эвертон" қоидаи бозиро бар муқобили ниммуҳофизатгар Андре Гомеш вайрон кард, ки ӯ дар натиҷа ҷароҳати вазнин бардошт. Пас аз ин қоидавайронкунӣ худи Сон ашк рехта, тақрибан ду рӯз мешавад ,ки ба худ намеояд.
Дар нишасти матуботӣ қабл аз бозӣ бо "Срвена Звезда" сармураббӣ Маурисио Почеттино гӯфт, ки пас аз муайян шудани ҳолати равонии Сон баъдан маълум мегардад, ки ӯ ба майдон мебарояд ё на.
Бозии "Срвена Звезда" - "Тоттенҳэм" дар доираи даври 4-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳо санаи 7-уми ноябр баргузор мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив