LIVE

Моуриню сари Сулшерро мехурад?

Рӯзи чоршанбе 4-уми декабр Жозе Моуриню ба “Олд Траффорд” бармегардад, ки дар доираи даври 15-уми Премйер-лигаи Англия “Тоттенхэм” бо “Манчестер Юнайтед” бозӣ мекунад.
Як сол қабл, ки Моуриню сармураббии “Манчестер Юнайтед” буд, баъди бохт аз “Ливерпул” аз вазифааш сабукдӯш гардид. Баъди рафтани мутахассиси португалӣ Уле-Гуннар Сулшер ба даста омада, натиҷаҳои “МЮ” беҳтар гардиданд, аммо то моҳи март. “Юнайтед” дар охири мавсим натиҷаҳояш бадтар шуда, то ҳол тим ба худ наомадааст. 
Айни ҳол “Юнайтед” бо касби 18 имтиёз дар мақоми 10-уми ҷадвал қарор дошта, Сулшерро хатари озод гардидан аз вазифааш таҳдид мекунад. Агар рафту “Тоттенхэм”-и Моуриню дар “Олд Траффорд” пирӯз гардад, шояд мутахассиси норвегӣ “Юнайтед”-ро тарк намояд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив