LIVE

Почеттино истеъфо дод, Мауринё қабул мекунад

Сомонаи расмии бошгоҳи футболи «Тоттенҳэм Хотспур» дирӯз хабар дод, ки коршиноси аргентинӣ - Маурисио Почеттино курсии сармураббигии дастаро тарк намудааст. Сабабҳои тарк намудани мутахассис то ҳол норушан аст. Вале аз рӯи тахминҳои аксари коршиносон, номуваффаққии даста дар бозиҳои мавсими имсола ба истеъфои ӯ вобастагӣ дорад. Ёдовар мешавем, ки Почеттино соли 2014 роҳбарии ин дастаи англисиро ба зимма гирифта буд. Қаблан Маурисио дар дастаҳои «Эспанйол» ва «Саутгемптон» адои вазифа намуда буд. 

Дар як сол, Почеттино ҳам муваффақият дошт ва ҳам номуваффақӣ. Агар рӯзи 1 июни соли 2019, мухлисони "Тоттенҳем"-ро баромадан ба финали Лигаи чемпионҳо хушнуд карда бошад, дирӯз, 19 ноябр, баъди нокомиҳо бошгоҳи англисӣ истеъфои Почеттиноро эълон кард. Дар назар аст, ки дар ин вазифа Маурисиоро коршиноси португалӣ – Жозе Моуриню иваз намояд. Аллакай сомонаҳои варзишии олам, оиди қабул намудани вазифаи сармурабигии бошгоҳи лондониро аз тарафи Мауринё субҳи ҳамин рӯз нашр намуданд. Тибқи ахбори расида, агенти Мауринё ҷузъиёти қарордодро бо роҳбарияти бошгоҳ дида истодааст. Баъдан, Жозе бо президенти бошгоҳи «Тоттенҳем Хотспур» Дэниэл Леви вохӯрда, қарордодро ба имзо мерасонад. Ин хабарро рӯзноманигори Sky Sports Фабрисио Романо пахш намудааст.

Тибқи хабаргузории рӯзноманигори beIN Sports Танкреди Палмери, мураббии португалӣ ба ҳамон маоше, ки қаблан Почеттино мегирифт, яъне 13 миллион евро дар як сол, розӣ аст. Дар ҳоле, ки Мауринё дар «Манчестер Юнайтед», ахирон бошгоҳе, ки тамрин медод, маошаш дар як сол 20 миллион евроро ташкил медод.

Дар назар аст, ки Жозе Мауринё бо «Тоттенҳем» қарордодро ба муҳлати 3 сол, ё аз рӯи нақшаи «2+1» мебандад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив