LIVE

Маурисио Почеттино дастаи ояндаашро интихоб кард

Роҳбарияти бошгоҳи футболи «Бавария» бо намояндаи собиқ сармураббии дастаи «Тоттенхэм Хотспур» - Маурисио Почеттино мулоқот намудаанд. Тибқи хабаргузории сомонаи расмии Sport Bild директори варзишии қаҳрамони Олмон Ҳасан Салихамиҷич ва намояндаи мутахассиси аргентинӣ - Ҷованни Бранчини оиди гузариши Почеттино ба «Бавария» гуфтушунид намудаанд. Ин мулоқот санаи 20-уми ноябр сурат гирифтааст. Ёдовар мешавем, ки санаи 19-уми ноябр Почеттино аз курсии сармураббигии дастаи «Тоттенхэм» барканор шуда буд. Коршиносӣ аргентинӣ қаблан дар дастаҳои «Эспанйол» ва «Саутгемптон» адои вазифа намудааст 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив