LIVE

Маурисио Почеттино ба Олд Траффорд даъват шуд

“Манчестер Юнайтед” дар фикри иваз кардани сармураббии худ дар мавсими ҷорӣ мебошад. Тибқи иттилои Manchester Evening News девҳои сурх бо мураббии собиқи “Тоттенхэм Ҳотспур” - Маурисио Почеттино тамос гирифтанд. Худи мутахассиси аргентинӣ мехоҳад ин тими футболро аз моҳи декабри соли 2019 раҳбарӣ кунад. Қайд карда мешавад, ки роҳбарони “Манчестер Юнайтед” сармураббии кунунии даста Уле-Гуннара Сулшерро  то бозии дирӯзаи даври 3-юми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо бо “Истамбул Басакшеҳр” (1:2) дастгирӣ карданд ва то ҳол хоҳиши иваз кардани мураббиро дар чунин марҳилаи мушкил надоранд. Агар “МЮ” дар бозӣ бар муқобили “Эвертон” шикаст хурад,  дар ҷадвали умумии мусобиқа ба ҷои 17-ум мефарояд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив