LIVE

Почеттино Сармураббии “Барселона” не, “Ман Сити” мешавад

“Манчестер Сити”  Маурисио Почеттиноро дар нақши ивазкунандаи сармураббӣ - Хосеп Гвардиола мешуморад. Дар ин бора The Sun хабар медиҳад. 
Тибқи иттилои манбаъ барои анҷоми шартномаи Хосеп Гвардиола бо клуби англисӣ 10 моҳи дигар мондааст. Дар ҳамин раванд Гвардиола нақша надорад, ки бо клуб қарордоди нав бандад. Ҳамзамон бо вуҷуди мағлубият дар даври ¼ ниҳоии Лигаи Чемпионҳо аз дастаи “Лион” роҳбарияти “Манчестер Сити” мехоҳад, ки Гвардиола сармураббии асосӣ боқӣ монад. 
Ба таҷрибаи Почеттино дастаҳои “Барселона”, “Ювентус” ва “Нюкасл” ниёз доранд. 
Дастаи охирини  "Тоттенхэм Хотспур" -и Лондон буд, ки вай аз мақомаш моҳи ноябри соли гузашта сабуктӯш гардида буд. Мутахассиси аргентиниро Ҷозе Моуриню иваз кард. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив