LIVE

Анчелотти рекордгузори Лигаи Чемпионҳо гардид

Сармураббии дастаи “Реал Мадрид” Карло Анчелотти барои бори панҷум дар финали Лигаи Чемпионҳо бозӣ мекунад.
Мутахассиси 62-сола қаблан дар солҳои 2003, 2005, 2007 бо "Милан" ва соли 2014 бо "Реал Мадрид" ба ин марҳила расида буд. Танҳо дар яке аз онҳо дастаи Анчелотти ноком шуд. Ин дар соли 2005 “Милан” дар натиҷаи пеналтӣ аз “Ливерпул” мағлуб шуд.
Пас аз Анчелотти, Алекс Фергюсон, Марчелло Липпи ва Юрген Клопп чаҳор маротибагӣ ба финал баромаданд.
Ёдовар мешавем, ки аз рӯи ҷамъбасти ду бозии ниманиҳоӣ «Реал Мадрид» дар мавсими ҷории Лигаи Чемпионҳо бар «Манчестер Сити»-и Англия (3:4, 3:1) ғалаба кард. Дар финал мадридиҳо бо «Ливерпул» бозӣ мекунанд. 
Бозии ниҳоӣ рӯзи 28-уми май дар стадиони «Стад де Франс»-и Париж (Фаронса) барпо мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив