LIVE

Дастоварди беназири Карло Анчелотти дар Лигаи Чемпионҳо

Сармураббии “Реал Мадрид” Карло Анчелотти дар таърих аввалин мураббие шуд, ки дар тӯли чаҳор даҳсола паиҳам ба нимфинали Лигаи Чемпионҳо роҳ ёфт. Соли 1999 Анчелотти «Ювентус»-ро ба даври ниманиҳоии Лигаи Чемпионҳо баровард. Баъдтар ӯ бо дастаи «Милан» (солҳои 2003, 2005, 2006 ва 2007) ба ин марҳилаи мусобиқа расид. Дар ҳайати «Реал Мадрид» мутахассис солҳои 2014 ва 2015 ва инчунин соли 2022 ба даври ниманиҳоии Лигаи Чемпионҳо роҳ ёфта аст. Ёдовар мешавем, ки дар даври чорякфиналии Лигаи Чемпионҳо «Реал Мадрид» бар «Челси» ғалаба кард. «Реал Мадрид» дар бозии аввал бо ҳисоби 3:1 бар «Челси» ғалаба кард. Дар бозии ҷавобӣ мадридиҳо бо ҳисоби 2-3 шикаст хӯрданд, вале дар натиҷаи ду бозӣ ба даври ниманиҳоии мусобиқот роҳ ёфтанд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив