LIVE

Ҳайати "Реал" иваз мешавад. Нуҳ бозигар аз тим меравад

«Реал Мадрид» ният дорад, ки дар равзанаи интиқоли тобистона шумораи бозигаронро ба таври назаррас коҳиш диҳад. Ба иттилои манбаъ, Лука Йович, Хесус Валехо ва Мариано Диас дастаро тарк мекунанд. Инчунин Райнер, Такефуса Кубо, Алваро Одриосола ва Брайм Диас, ки дар дастаҳои дигар ба иҷора дода шудаанд,  тарки бошгоҳи мадридӣ хоҳанд кард. Ҳамзамон шартномаи Гарет Бейл низ ба охир мерасад ва барои ӯ низ ин охирин мавсим дар Мадрид хоҳад буд. Ба иттилои бархе аз хабаргузориҳо бошгоҳ дар фикри пеш аз муҳлат қатъи шартнома  бо Эден Азар низ ҳаст.  
Сармураббии «Реал Мадрид» Карло Анчелотти ният дорад, ки барои харидории бозигарони нав ҷой ҷудо кунад.
«Реал Мадрид» дар садри ҷадвали Лигаи Испания қарор дорад. Бошгоҳи Мадрид дар 30 бозии мусобиқот 69 имтиёз ба даст оварда, аз “Барселона” 12 имтиёз пеш аст.
«Реал Мадрид» дар даври ¼ ниҳоии Лигаи Чемпионҳо бо дастаи «Челси» қувваозмоӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив