LIVE

"Реал" роҳи ҷудоӣ аз Бэйл ва Искоро мекобад

Раҳбарияти «Реал» мехоҳад аз чанд бозигари даста ҷудо шавад.
 Ба иттилои Marca, дар моҳи январ бошгоҳи Мадрид мехоҳад Гарет Бэйл ва Искоро, ки шартномаашон то 30 июни соли 2022 эътибор дорад, бифурӯшад.  Ин масъала бо ҳайати мураббиён мувофиқа шудааст, Карло Анчелотти ба ин бозигарон умед надорад.
 «Реал Мадрид» нисбати  Марселоро, ки дар ин мавсим дар даста кам бозӣ мекунад, қароре намебарорад, чунки ба ӯ эҳтиром хоҳад гузошт.  Аммо ҷониби Мадрид омодааст дилхоҳ пешниҳодро дар мавриди  Мариано Диас, Лука Йович ва Эден Азар қабул кунад.
"Реал Мадрид" боварӣ дорад, ки дар моҳи январ хариди бозигарони босифат қариб ғайриимкон аст, аз ин рӯ ин марҳилаи омодагӣ барои равзанаи гузаришҳо дар тобистон мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив