LIVE

"Реал" шаш бозигари худро қурбони Мбаппе мекунад

"Реал Мадрид" метавонад дар ин мавсим як қатор бозигаронро аз даст диҳад. Эҳтимол меравад, ки Гарет Бэйл, Эден Азар, Иско, Марсело, Лука Йович ва Хесус Валехо клубро тарк мекунанд. Дар ин бора AS хабар додааст. 
"Реал Мадрид" дар ин мавсим боз барои унвони қаҳрамонӣ мубориза мебарад. Дар клуб давраи нав фаро мерасад, ки эҳтимол аз мавсими оянда Килиан Мбаппе ситораи асосӣ бошад. Карло Анчелотти ба клубе омад, ки рохбарият ба ӯ боварӣ дорад.  Мутахассиси итолёвӣ дастаро хуб медонад, аммо дар ҳайат баъзе аз бозигарони маошбаланд сарбории иқтисодии тим шудааст. 
Тавре гуфта мешавад, дар бошгоҳ чанд бозигаре ҳаст, ки ҳузурашон аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовар нест.
Инҳо бозигарон ба мисли Иско, Марсело, Азар, Бэйл, Йович ва Валехо мебошанд. Аксари онҳо дар мавсими оянда клубро тарк мекунанд. Ин мушкилоти муҳимест, ки Мадрид бидуни кӯшиши зиёд аз он халос хоҳад шуд. Маблағи сарфакарда барои имзои Мбаппе ва тамдиди шартномаи дигар бозигарони калидӣ сарф мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив