LIVE

Анчелотти: Барои ман финали Лигаи Чемпионҳо мисли дерби аст. Зеро ман аз Эвертон ҳастам

Сармураббии бошгоҳи “Реал Мадрид” Карло Анчелотти дар бораи интизориҳои худ дар бозии финалии Лигаи Чемпионҳо бо “Ливерпул” нақл кард. 
«Ман хурсандам, ки мо дар финал бо як рақиби пурқувват бозӣ хоҳем кард. Мо ба чунин бозиҳо одат кардаем. Моро шоми бебаҳои футбол интизор аст. Барои ман финал бо «Ливерпул» мисли дерби аст, зеро ман ҳамон эвертонӣ боқӣ мемонам», - гуфтаст ба сомонаи расмии УЕФА.
Анчелотти аз соли 2019 то 2021 сармураббии "Эвертон" буд ва бо  "Реал Мадрид" то соли 2024 шартнома баст.
Ёдовар мешавем, ки дар даври ниманиҳоии Лигаи Чемпионҳо «Реал Мадрид» бар «Манчестер Сити» пирӯз шуда буд. «Ливерпул» дар навбати худ дар нимфинал бар «Вилярреал» ғалаба кард.
Бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо 28 май дар варзишгоҳи «Стад де Франс»-и Сен-Дени баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив