LIVE

УЕФА рӯзи бозиҳои даври нимниҳоии ЛЧ-ро эълон намуд

УЕФА расман рӯзи баргузории бозиҳои даври нимниҳоии Лигаи Чемпионҳоро эълон намуд. 
Хабар дода мешавад, ки "Манчестер Сити" аввалин бозии нимфиналро бо "Реал Мадрид" рӯзи 26 апрел дар Манчестер дар варзишгоҳи “”Иттиҳод” баргузор мекунад. Бозии ҷавобӣ рӯзи 4 май дар назар аст.
Бозии аввал байни «Ливерпул» ва «Вилярреал» 27-уми апрел дар «Энфилд» ва бозии чавобй 3 май барпо мегардад. Ёдовар мешавем, ки “Манчестер Сити” дар даври чорякфиналии Лигаи Чемпионҳо бар “Атлетико” пирӯз шуд. «Вилярреал» «Бавария»-ро аз сари роҳаш берун кард. «Ливерпул» бар «Бенфика» пирӯз шуд.  «Реал» «Челси»-ро аз рӯи натиҷаи ду бозӣ шикаст дод. 
Бозии ниҳоии Лигаи Чемпионҳо 28 май баргузор мешавад. Вохурӣ дар варзишгоҳи «Стад де Франс»-и Фаронса сурат мегирад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив