LIVE

Тухел дар “Реал” Анчелоттиро иваз мекунад

Сармураббии собиқи "Челси" Томас Тухел метавонад Карло Анчелоттиро дар «Реал Мадрид» иваз кунад. 
Томас Тухел фаъолияти мурабигии худро дар чемпионати Испания идома хоҳад дод ва аз эҳтимол дур нест, ки ӯ вориси Анчелотти шавад.
Шартномаи Карло Анчелотти бо "Реал" то моҳи июни соли 2024 амал мекунад. Мураббии итолиёвӣ иқрор шудааст, ки нақша дорад, ки фаъолияти худро хотима диҳад.
Ёдовар мешавем, ки Томас Тухел пас аз шикасти бошгоҳи лондонӣ дар даври 1-уми Лигаи қаҳрамонҳо аз тими “Динамо” (Загреб) аз вазифаи сармураббии “Челси” барканор шуд. Анчелотти, дар навбати худ, аз соли 2021 дар “Реал Мадрид” кор мекунад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив