LIVE

"Челси" аз Тухел 15 миллион евро қарздор шуд

Сармураббии собиқи «Челси» - Томас Тухел барои пеш аз муҳлат бекор кардани шартномаи тарафайн аз дастаи лондонӣ 15 миллион евро товон ё ҷубронпулӣ мегирад. Ба иттилои манбаъ, аъзои ситоди мураббиёни Тухел ҳудуди 2,5 миллион еврои дигар мегиранд. 
"Челси" дар бораи барканории Тухел аз вазифаи сармураббии даста хабар дод. Ин пас аз он рух дод, ки лондониҳо дар бозии даври 1-уми Лигаи қаҳрамонҳо аз тими «Динамо»-и Загреб (0:1) шикаст хӯрд. Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи расонаҳои инглисӣ, натиҷаи даста сабаби барканор шудан набуд.
Тухел аз январи соли 2021 сарварии "Челси" аст. Дар зери роҳбарии ӯ даста ғолиби Лигаи Чемпионҳо, Ҷоми ҷаҳонии клубҳо ва Суперҷоми Аврупоро ба даст овард.
Интизор меравад, ки сармураббии нави даста  Грэм Поттер аз тими "Брайтон" шавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив