LIVE

Расман: Тухел аз мақоми сармураббии "Челси" барканор карда шуд

Бошгоҳи “Челси”  мутахассиси олмонӣ Томас Тухелро аз симати сармураббӣ барканор кард. Шаби гузашта "Челси" дар даври 1-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо аз тими “Динамо Загреб” мағлуб шуд. Ин 100-умин бозии даста зери роҳбарии Тухел ба ҳисоб мерафт.
Кабудпӯшҳо дар зинаи 6-уми ҷадвали Премйер Лига қарор доранд. Онҳо дар шаш давр се ғалаба, як мусовӣ ва ду бохтро ба номашон сабт намудаанд. Тухел моҳи январи соли 2021 ба дастаи «Челси» омада, дар ин муддат ғолиби Лигаи чемпионҳо, Суперҷоми Аврупо ва чемпионати ҷаҳон миёни бошгоҳҳо гардидааст.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив