LIVE

Томас Тухел номи худро дар таърихи "Челси" гузошт

Дар бозии ҷавобии марҳилаи 1/8 финалии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА, “Челси” бар “Атлетико” ғалаба кард. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи Стэмфорд Бридж баргузор шуд ва бо ҳисоби 2: 0 хотима ёфт.
Ҳамин тариқ, “Челси” бо роҳбарии Томас Тухел дар 13 бозӣ дар ҳама мусобиқаҳо вз ҷумла, Премйер Лига, Ҷоми Англия, Лигаи Чемпионҳо мағлуб нашудааст. Ин тӯлонитарин оғози бидуни шикасти сармураббӣ дар таърихи клуб эълон шуд. Рекорди қаблиро Луис Фелипе Сколари, ки соли 2008 бо 12 вохӯрии бидуни мағлубият гузошта буд.
Тухел моҳи январи соли 2021 “Челси”-ро ба уҳда гирифт.  Созишномаи мутахассис бо клуб то соли 2022 баста шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив