LIVE

Томас Тухел- муаллифи рекорди нав дар ПЛА

Сармураббии дастаи «Челси» - Томас Тухел дар рақобати даври 27-уми ПЛА бар зидди «Эвертон» (2:0) муаллифи  рекорди таърихӣ шуд, хабар медиҳад сомонаи расмии ESPN. Коршиноси 47 солаи олмонӣ аввалин мураббие дар таърихи Лига шуда, ки дар 5 бозии аввали хеш дар ба дарвозааш ягон тӯб сар надодааст. Хотиррасон мекунем, ки Томас Тухел 26-уми январи соли ҷорӣ ба курсии сармураббигии дастаи «Челси» бар шуд. Дар ин фурсат “ашрофзодаҳо” бо роҳбарии ӯ 9 бозӣ доир намуда, дар 6 бозӣ пирӯзӣ ва дар 3 дидор мусовӣ намудаанд. Дар ҳоли ҳозир “Челси” бо касби 50 хол дар зинаи 4-уми ҷадвали ПЛА қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив