LIVE

Сармураббии нави Челси” маълум шуд

Сармураббии собиқи “Пари Сен-Жермен” - Томас Тухел ҷойгузини Фрэнк Лампард гуфта мешавад. Дар ин бора рӯзноманигори итолиёвӣ Николо Шира дар сафҳаи твиттери худ навиштааст ва эълон намудааст, ки қарордоди мутахассиси олмонӣ бо “Челси” то соли 2022 пешбинӣ гардидааст. Бино ба иттилои манбаъ, Тухел қаблан низ аз ҷониби роҳбарияти ин даста пешниҳод барои нишастан ба курсии сармураббӣ гирифта буд.  Қайд карда мешавад, ки мутахассиси мазкур метавонад бо ҳамватанони худ Тимо Вернер ва Кай Ҳавертс робитаи хуб барқарор кунад. Инчунин хабар дода мешавад, ки собиқ мураббии “Ювентус” - Массимилиано Аллегри бо роҳбарияти тими кабудпӯшон тамос нагирифтааст,  аммо дар интихоби Тухел афзалият бештар аст.  Ёдовар мешавем, ки “Челси” имрӯз истеъфои Лампардро расман эълон кард. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив