LIVE

Истеъфои Тухел кори "Реал М"-ро душвор кард

    Барканории Томас Тухел аз вазифаи сармураббии “Пари Сен-Жермен”  кори “Реал Мадрид”-ро барои харидории Килиан Мбаппе мушкилтар мекунад. Тавре AS хабар медиҳад, футболбоз бо мутахассиси олмонӣ муносибати хуб надошт, аммо истеъфои ӯ ва даъвати Маурисио Почеттино шояд вазъиятро тағйир диҳад. Аз эҳтимол дур нест, ки   Мбаппе шартномаи худро бо “ПСЖ” тамдид кунад. Ҳамлагари 22-сола мехоҳад, дар созишномаи нав ҳаҷми  қарордодро дарҷ намояд, ки на камтар аз 250 миллион евроро дар бар мегирад. Аммо “Реал”  намехоҳад бештар аз  180 миллион диҳад.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив