LIVE

Почеттино сармураббии нави "ПСЖ"?

Мутахассиси аргентинӣ - Маурисио Почеттино рӯзҳои наздик бо дастаи «Пари Сен-Жермен» шартномаи сесола ба имзо мерасонад. Дар ин бора журналист Николо Скира хабар додааст. Қаблан хабар дода шуда буд, ки роҳбарияти “ПСЖ” Томас Тухелро аз мансабаш барканор намуда, ба ҷои ӯ Маурисио Почеттиноро таъйин мекунад. Почеттино аз моҳи ноябри соли 2019 то имрӯз бекор буд. Қаблан хабарҳое паҳн шуда буданд, ки Маурисио Почеттино шояд Зиданро дар “Реал” иваз кунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив