LIVE

Фрэнк Лэмпард аз мақомаш сабукдӯш шуд

Сармураббии бошгоҳи "Челси" - Фрэнк Лэмпардро аз мақомаш сабукдӯш карданд. Ба футболбозони даста гуфтаанд, ки субҳи имрӯз ба макони тамрин наоянд. Як рӯз қабл "Челси2 дар бозии даври 1/16 ниҳоии Ҷоми Англия тими "Лутон Таун"-ро мағлуб кард ва ба марҳилаи навбатии мусобиқа роҳ ёфт. Сармураббии собиқи "Ювентус" -  Массимилиано Аллегри ва мутахассиси олмонӣ Томас Тухел, ки аз "Пари Сен-Жермен" барканор шудаанд, мехоҳанд дар "Челси" кор кунанд. Лэмпард тобистони соли 2019 сармураббии "Челси"-ро бар дӯш гирифт. Феълан даста бо 29 имтиёз дар зинаи 9-уми ҷадвали Премйер Лига қарор дорад.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив