LIVE

Жиру ба «Челси» пирӯзӣ овард

Рақобатҳои даври 36-уми чемпионати Англия бо дидори дастаҳои футболи  «Челси» ва «Норвич Сити» оғоз гардид. Бозӣ дар варзишгоҳи  «Стэмфорд Бриҷ» сурат гирифта, бо ҳисоби 1 бар 0 ба анҷом расид. Ягона голи ин дидор дар дақиқаҳои охири қисми аввали бозӣ аз ҷониби ҳамлагар Оливйе Жиру ба ҳадаф расонида шуд. 
Баъди ин ғалаба «Челси» 63 имтиёз ба даст оварда, дар зинаи сеюми ҷадвали умумии Премйер лигаи Англия  мавқеъ дорад.  «Норвич Сити» бошад, бо 21 хол дар таҳхонаи чадвал қарор дорад ва имкони боқӣ мондан дар  Премйер лигаро аз даст дод. 
Дар даври навбатӣ шогирдони Фрэнк Лэмпард бо қаҳрамони мусобиқа тими «Ливерпул» майдондорӣ мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив