LIVE

Тухел ва Аллегри даъвати “Челси”-ро интизоранд

Мутахассисон Массимилиано Аллегри ва Томас Тухел аз вазифаи сармураббии бошгоҳи “Челси” рафтани Фрэнк Лампардро интизоранд. Хабар медиҳад Sky Sports. Тибқи иттилои манбаъ, агар мураббии ҷавони англис дар бозиҳои ояндаи дастааш беҳбудӣ бахшида натавонад, пас он вақт кори худро аз даст медиҳад. “Челси” дар сафар аз “Лестер” бо ҳисоби 0-2 шикаст хӯрд. Ин бохти 6-уми лондонҳо дар мавсим маҳсуб меёбад. Ҳоло “Челси” бо 29 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа ҳаштум аст. Бозигарони Лампард вохӯрии навбатии худро рӯзи 24-уми январ дар Ҷоми Англия бо “Лутон Таун” баргузор мекунанд ва пас аз он онҳо 27 январ  бо “Волверҳэмптон”, 31-уми январ бо “Бёрнли” ва 4-уми феврал бо “Тоттенхэм” бозӣ мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив