LIVE

“Челси” сармураббии худро иваз мекунад

Массимилиано Аллегри метавонад сармураббии “Челси”-и Лондон  гардад. Ӯ дар ин мақом Фрэнк Лампардро иваз мекунад, дар ин бора QuotidianoNet хабар додааст. Тибқи иттилои манбаъ, роҳбарияти бошгоҳи шаҳри Лондонро натиҷаи бозиҳои охири даста нороҳат кардааст. Пас аз сарфи маблағҳои миёншикан футболбозон таҳти роҳбарии Лэмпард натиҷаҳои хуб нишон намедиҳанд ва дар панҷ бозии Премйер Лигаи Англия ҳамагӣ ду пирӯзӣ ба даст оварданд. Мутахассиси итолёвӣ довталаби асосӣ барои иваз кардани Франк маҳсуб мешавад. Массимилиано аз моҳи майи соли 2019 бекор аст. Қаблан ӯ  5 сол сармураббии “Ювентус” буд. Гуфта мешавад, ки агар  “Челси” дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳо бар дастаҳои футболи “Краснодар”, “Севиля” ва “Ренн” ғалаба накунад, пас дар симати сармураббии клуб тағйиротҳои куллӣ ба миён меояд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив