LIVE

Аллегри боз мансаби Контеро мегирад

Журналисти маъруфи рӯзномаи The Guardian Фабритсио Романо дар саҳифаи расмии худ хабар додааст, ки эътимол меравад  дар симати сармураббии дастаи  «Интер» тағйирот ба миён ояд. Ҳафтаи оянда роҳбарияти даста бо мутахассиси итолёвӣ Антонио Конте дар масъалаи ояндаи клуб гуфтушунид анҷом медиҳад ва дар сурати ба мувофиқа нарасидан, ҳамкороиро қатъ мекунанд. Гуфта мешавад, ки агар Конте курсии худро тарк кунад, пас мутахассиси 53 сола Массимилиано Аллегри ҷойгузини ӯ хоҳад шуд. Аллегри аз соли 2019 инҷониб бекор аст. 
Ёдовар мешавем, ки дар финали Лигаи Аврупо «Интер» аз «Севиля» (2-3) шикаст хурд. 
Ёдовар мешавем, ки маҳз соли 2014 Аллегри дар мақоми сармураббии «Ювентус» Контеро иваз карда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив